Ифтитоҳи бинои маркази рушди малакаҳои касбӣ дар деҳоти Корези ноҳияи Данғара
24-уми май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бинои наву замонавии Маркази рушди малакаҳои касбӣ бо хобгоҳ дар маҳаллаи 15 - уми деҳоти Корезро, ки бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба стандартҳои милливу байналмиллалӣ бунёд шудааст, ифтитоҳ намуданд.
Бинои Маркази рушди малакаҳои касбӣ дар ноҳияи Данғара дар масоҳати умумии беш аз 1 гектар ва ба маблағи 35 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.
