Ифтитоҳи фосилавии 8 иншоот ва муаррифии лоиҳаҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд
3 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Суғд, як қатор иншооти таъиноти гуногунро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.
Аз ҷумла, бинои маъмурии раёсати омори ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки дар маркази ноҳия – шаҳраки Меҳробод сохта шудааст, ифтитоҳ гардид. Иншоот дорои чор ҳуҷраи корӣ буда, дар он барои 13 мутахассис шароити зарурии фаъолият фароҳам оварда шудааст.
