Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти томактабии Орзу дар деҳаи Сафедоби ноҳияи Данғара
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар деҳаи Сафедоби ноҳияи Данғара муассисаи таҳсилоти томактабии Орзуро мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти навсохт дар деҳаи Сафедоб ягона муассисаи томактабӣ ба шумор меравад, ки бо ҳадафи амалӣ сохтани дастурҳои Роҳбари давлат ҷиҳати ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифтани насли наврас бунёд шуда, барои 300 кӯдак пешбинӣ гардидааст .
