Боздид аз боғи интенсивии Пайванди Рашт ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ
Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Рашт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз боғи интенсивии Пайванди Рашт дидан намуданд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки боғи интенсивӣ дар масоҳати 10 гектар бунёд гардида, обёрии он пурра тавассути низоми қатрагӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар боғ 18 навъи дарахти мевагӣ, аз ҷумла 8 навъи себ, 6 намуд нок, 2 гуна олу ва 2 хел зардолу, парвариш меёбад.
Иттилоъ дода шуд, ки имсол дар боғ ҳосили хуб ба даст омада, ҳаҷми ҷамъоварии мева зиёда аз 100 тоннаро ташкил медиҳад.
