Мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Тоҷикобод
12 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Тоҷикобод бо роҳбарону фаъолони ноҳия мулоқот доир намуданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми заҳматдӯсти ноҳияро бо фарорасии ҷашни бузурги таърихӣ - 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфтанд.
