Боздид аз Намоишгоҳи молу маҳсулоти Тоҷикистон ва Қирғизистон дар маркази “ЭКСПО”
8 июл дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази “ЭСКПО”-и шаҳри Душанбе Намоишгоҳи молу маҳсулоти Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид.
Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров аз намоишгоҳ дидан намуда, бо маҳсулоти истеҳсолкардаи ширкатҳои саноатии Тоҷикистону Қирғизистон шинос шуданд.
