Ба истифода додани бинои маъмурии Минтақаи озоди иқтисодии вилояти Суғд
18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави маъмурии Минтақаи озоди иқтисодии Суғдро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншоот туҳфаи арзанда ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба кормандони минтақаи озоди иқтисодии Суғд, соҳибкорон ва сокинони вилоят ба ҳисоб меравад.
Бинои маъмурӣ аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ дар масоҳати умумии 10 ҳазору 100 метри мураббаъ сохта шуда, дар рафти корҳои бунёдӣ 100 бинокори маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин гардид.
