Ба истифода додани Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17 дар шаҳри Бохтар
25 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-ро ифтитоҳ намуданд.
Иншоот барои ба таҳсил фаро гирифтани 1240 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, дар он 68 омӯзгори соҳибтахассус бо кор таъмин шуданд.
Бо мақсади фарогирии кӯдакон ба таълими томактабӣ дар назди муассиса Маркази инкишофи кӯдак таъсис дода шудааст.
