Гузоштани санги асоси сохтмони роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун ба масофаи 70 километр ва шиносоӣ бо ҷараёни корҳо дар пули мошингузари ноҳияи Нуробод
24 октябр зимни сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди Ваҳдат – Оби Гарм санги асос гузоштанд.
Лоиҳаи мазкур ба рушди инфрасохтори нақлиётӣ, беҳтар намудани шароити ҳаракати воситаҳои нақлиёт, баланд бардоштани сатҳи бехатарии роҳ ва тақвияти робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ равона гардидааст.
