Ба истифода додани корхонаи коркарди шишаи ҶДММ “Шишакор” дар шаҳри Хуҷанд
15 ноябр дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи коркарди шишаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шишакор”-ро ба истифода доданд.
Корхонаи коркарди шиша дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи шоистаи ҷашни умумимиллии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳадафҳои саноатикунонии босуръати кишвар аз тарафи соҳибкорон Умархӯҷа Бузруков ва Нуриддин Ҳусайнов бунёд карда шуд.
